АДОЛАТИ СУДӢ ДАР ПЕШГИРИИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ”

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башар, дар қатори дигар давлатҳои ҳамсоя ва давлатҳои кулли ҷаҳон, баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани адолатӣ иҷтимоӣ, алалхусус адолатӣ судӣ  бар зиддӣ зуҳуроти нангини иҷтимоӣ “терроризм” ва “эсктремизм” мубориза мебарад.

Рузҳои охир терроризм ва экстремиз дар саро сари ҷаҳон паҳн шуда, ба мардуми оддӣ ва давлат ҳисоротӣ ҷиддӣ, алалхусус ҳисороти ҷонӣ мерасонад. Мубориза бурдан ва аз байн бурдани ин зуҳурот вазифаи ҳар як сокини кишвари азизамон мебошад.

Аммо нафароне ҳастанд, ки хиёнат на танҳо ба кишвари худ, балки ба мардуми он, хиёнат ба миллати худ менамояд. Ин нафарон бар доми шахсони ифротгаро ва хусуматхоҳ афтода, рӯй сӯи гумроҳӣ менамоянд.

Яке аз ин гумроҳон Аминбеков Абдушукур Ҷурабековичи 19 сола, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Тағоев Комилҷон Тавакаловичи 33 сола, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон мебошанд, ки бо ҳукми Суди вилояти Хатлон бо моддаҳои 307 иловаи 3 қисми 2 (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар), 32 қисми 3 (Сӯиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардидааст, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.)– 179 қисми 2 банди “а” (яъне, Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ)  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба Аминбеков Абдушукур Ҷурабекович аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳои ба  мӯҳлати 15 (понздаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт ва ба Тағоев Комилҷон Тавакалович аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳои ба мӯҳлати 12 (дувоздаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шуд.

Маҳкумшуда Аминбеков Абдушукур Ҷурабекович барои он гунаҳгор дониста шуд, ки аз соли 2015 сар карда, то аввалҳои моҳи сентябри соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Москва, минтақаи Краснодари Федератсия Россия ва дар ноҳияи Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати пешкаӣ дар ҳайати гуруҳи шахсон даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дорои хусусияти экстремистию террористидошта задааст.

Чунончӣ, ӯ дар давоми солҳои 2014-2015 ҳангоми дар шаҳри Москва ва кишвари Краснодари Федератсия Россия қарор доштанаш бо роҳнамоии Саидмуҳаммад ном шаҳрванд шахсияташ номаълум, тавассути сомонаҳои интернетӣ бо ғояҳои «Давлати исломӣ», ки фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 манъ гардида, ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътироф шудааст, шиносоӣ пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.

Сипас, Аминбеков А.Ҷ. тахминан моҳи октябри соли 2016 дар ҳудуди Федератсияи Россия дар радиои интернетии «Zello» аккаунти худро бо номҳои мустаори «Асадуллаҳ-2000» ва «qahqa» ба қайд гирифта, тавассути он ба шабакаи интернетии «Роҳнамо ба сӯи Давлати Исломӣ», аъзо гардидааст. Баъд аз ин, ӯ ҳамарӯза радио-интернетии мазкурро гӯш карда, дар бораи «ҷиҳод» ва «хилофат» маълумоти заруриро пайдо намуда, баромадҳои маъмурон ва модераторони гуруҳро дар телефони мобилиаш сабт намуда, дар як вақт онҳоро аз соли 2017 то аввалҳои моҳи сентябри соли 2018 ба телефони мобилии Тағоев Комилҷон Таваккалович интиқол додааст.

Чунончӣ, Тағоев Комилҷон Тавакалович аз моҳи апрели соли 2017 сар карда, то аввалҳои моҳи сентябри соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Москваи Федератсия Россия ва дар ноҳияи Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати пешакӣ дар ҳайати гуруҳи шахсон даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дорои хусусияти экстремистию террористидошта задааст.

Дар робита ба ин, Аминбеков А.Ҷ. аз моҳи декабри соли 2017 то лаҳзаи дастгиршавиаш дар ҳудуди ноҳияи Ёвон як қатор сокинонро дар алоҳидагӣ баҳри иҷрои ғояҳои ифротгароёнаи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» даъват намудааст. Аз ин даъватҳои Аминбеков А.Ҷ. маҳкумшуда Тағоев К.Т. ба ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» аъзо шуда, дар навбати худ даст ба содир намудаи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини қасдона задаанд. Аммо, нафароне буданд, ки аз нақшаи ҷинояткоронаи таҳрезишуда маҳкумшуда Аминбеков А.Ҷ. огоҳ шуда, бо мақсади пешгирии содир намудани акти террористӣ аз ҷониби ӯ, саривақт ба мақомоти амнияти миллӣ хабар доданд.

Зимни азназаргузаронии саҳифаи интернетии «qahqa» дар шабакаи интернетии «Zello», ки ба Аминбеков А.Ҷ. тааллуқ дорад, сабтҳои овозии аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ», ёфта гирифта шудааст.

Тибқи хулосаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 9/195 аз 16 октябри соли 2018, маводҳои ҷамъовардаи Аминбеков А.Ҷ. ба ташкилоти экстремистию террористии «Давлати исломӣ» мансуб буда, мазмуни онҳо ифодагари ташвиқу тарғиби зӯроварӣ, даҳшатафканӣ, қатлу куштор, инчунин тарзи омодасозии маводҳои тарканда, суханрониҳои аъзоён ва мубаллиғони «ДИИШ» ва беасос танқиду бадномкуниҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Бо ин роҳу воситаҳо Аминбеков А.Ҷ. ва Тағоев Т. дар фаъолияти ифротгароёнаи ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» иштирок намудааст.

Аминбеков А.Ҷ. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, инчунин моҳи январи соли 2018 бо мубаллиғони фаъоли ташкилоти экстремистию террористии «Давлати исломӣ» бо тахаллусҳои «Абу усомаи Норакӣ» ва «Абу-муҳоҷир» ба алоқа баромада, аз онҳо бо истифода аз барномаи мобилии «Telegramm» якчанд видео-наворҳои тарзи омодасозии маводҳои таркандаро дастрас намуда, аз пайи дарёфти ёрдамчӣ шуда, дар натиҷа бо Тағоев К.Т. ва дар наздикии қабристони деҳаи Сарқамиши ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуповаи ноҳияи Ёвон вохӯрда бо номбурдагон барои анҷом додани акти террористӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ёвон маслиҳати пешакӣ менамоянд. Дар асоси ин маслиҳат Аминбеков А.Ҷ. бо мақсади харидорӣ намудани ашёҳои дар оянда барои омода намудани моддаи тарканда ёрирасон, аз Тағоев К.Т. маблағи 200 сомонӣ ва гирифтааст.

Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2018 Аминбеков А.Ҷ. бо ҳамроҳии Тағоев К.Т. бо мақсади содир намудани акти террористӣ нисбати прокурор, сардорони шуъбаҳои амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, суд ва кормандони бахши Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ноҳияи Ёвон, аз бозори марказии ноҳияи Ёвон 200 кг селитра ва аз бозорҳои «Корвон» ва «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе 1кг хокаи «олтингугирд», ба миқдори 2 литр кислотаи 1,27%, 35 андозаи 500 гр хокаи алюминий, 3 зарф «ацетон» ва аз назди Масҷиди марказии шаҳри Душанбе 1кг сиёҳдона харидорӣ намуда, маводҳои номбурдаро бурда дар ошхонаи манзили истиқоматиашон, воқеъ дар суроғаи деҳаи Навкорони ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуповаи ноҳияи Ёвон нигоҳ доштааст.

Сипас, Аминбеков А.Ҷ. дар ин муддат бевосита аз таҷҳизотҳои дар ихтиёраш қарордошта, аз қабили симу борут ва батареяи қувватдиҳанда, ё худ воситаи таркишро созмондиҳанда (детонатор) сохта, барои омода намудани моддаи тарканда аз маводҳои ҷамъовардааш таҷриба гузаронидааст, вале  бинобар сабаби аз ӯ вобастанабуда воситаи таркиш омода нашуда таркиш рух надодааст.

Баъдан, Аминбеков А.Ҷ. дубора ба «Абу-усомаи Норакӣ» ва «Абу-муҳоҷир»-и дар боло зикршуда ба алоқа баромада, аз натиҷаи кӯшиши нобарораш дар омодасозии моддаи тарканда хабар дода, дар натиҷа аз онҳо 5 видео-навори тарзи дигари омода намудани маводи таркишро тавассути барномаи мобилии «Telegramm» қабул намуда, онҳоро аз худ намуда, якҷоя бо Тағоев К.Т. аз пайи такроран омодасозии моддаи тарканда шудааст.

Санаи 29 августи соли 2018 Аминбеков А.Ҷ. хабардор мешавад, ки ӯро кормандони мақомоти амнияти миллӣ мавриди пурсуҷу қарор доданд ва аз модараш Саидова Дилором Саидовна хоҳиш намудааст, ки тамоми маводу таҷҳизотҳои ба ӯ тааллуқдоштаро, ки дар ошхонаашон нигоҳ дошта шудаанд, нобуд созад ва модараш бошад, тибқи гуфтаҳои писараш Аминбеков А.Ҷ. амал карда, якҷоя бо хешовандонаш Аминбеков Оятулло Ҷурабекович, Аминбеков Субҳон Саидбекович ва Аминбекова Тахмина Ҷурабековна маводу воситаҳои ҷамъовардаи Аминбеков А.Ҷ-ро дар наҳри обгузари назди манзили истиқоматиашон нобуд месозанд.

Ҳамин тариқ, бо сабабҳои ба иродаи судшаванда Аминбеков А.Ҷ. алоқаманд набуда, Аминбеков А.Ҷ. ва Тағоев К.Т. санаи 2 сентябри соли 2018 дастгир карда шуда, онҳо ҷинояти қасдонаю махсусан вазнинро ҷиҳати анҷом додани акти террористӣ нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони бахши Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ноҳияи Ёвон то ба охир расонида натавонистанд.

Амалҳои содир намудаи ин ду нафар ҷавонон оқибат ба он оварда мерасонид, ки шахсни бе гуноҳро аз ҳаёт маҳрум созад, падару модаронро бе фарзанд ва фарзандонро бе волидайн монад.

Суди вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятиро нисбати Аминбеков А.Ҷ. ва Тағоев К.Т.дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар толори Суди ноҳияи Ёвон баррасӣ намуда ба онҳо ҷазои сазовор таъин намуд. Яъне ба Аминбеков А.Ҷ. ҷазои ниҳои ба  мӯҳлати 15 (понздаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт ва ба Тағоев К.Т. ҷазои ниҳои ба мӯҳлати 12 (дувоздаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шуд.

Ҳар як амали ҷинояткорона сазовори ҷазо аст ва ҳеҷ як амалӣ ҷинояткорона бе ҷазо намемонад.

 

 

Раиси Суди вилояти Хатлон

Мирзозода Рустам Пираҳмад