Ҷаласаи ғайринавбатии Иттифоқи касабаи Суди вилояти Хатлон (11.12.2020 сол)

    

Санаи 11 декабри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Суди вилояти Хатлон ҷаласаи ғайринавбатии Иттифоқи касабаи Суди вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой, муовинони раиси суди вилоят Аҳёзода Шамсулло Салим, Табарзода Изатулло, Муҳаммадвалии Назрӣ, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳи суди вилояти Хатлон ва раиси Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон муҳтарам Шарипов Сайфиддин Шарипович иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур қайд карда шуд, ки бинобар сабаби вафот ёфтани собиқ судяи Суди вилояти Хатлон Амонзода Аскаралӣ дар ҷаласаи мазкур кормандони суди вилоят бояд раиси нави Иттифоқи касабаи суди вилоятро интихоб намоянд. Дар ҷаласаи мазкур судяи Суди вилояти Хатлон Аҳмадзода Маҷид ҳамчун раиси Иттифоқи касабаи суди вилоят пешниҳод ва пешбарӣ карда шуд.

Пешниҳоди судя Ҳамадзода М. ба ҳайси раиси Иттифоқи касабаи вилоят аз тарафи кормандони суди вилоят ҷонибдорӣ карда шуда, номбурда ба ҳайси раиси Иттифоқи касабаи суди вилоят  интихоб гардид.