Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2019 бо иштироки Сарвазири мамлакат

 10 январи соли ҷорӣ  дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2019 ва вазифагузориҳо барои соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазирону роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин раиси Суди вилояти Хатлон Мирзода Рустам Пираҳмад, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳо, шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки дар соли 2019 фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, чун тамоми мардуми ҷумҳурии азизамон баҳри дар амал татбиқ сохтани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикршуда саъйу кӯшиш менамоянд.

— Соли сипаригардида бо азму талоши Пешвои муаззами миллат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди Хатлонзамин ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд, — афзуд раиси вилоят Қ. Ҳакимзода. — Соли 2019-ум дар вилояти Хатлон соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд. Ин сол дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоятамон бо сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бо заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони вилоят, мавриди истифода қарор гирифтани садҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ хотирмон мебошад, ки ҳамаи ин омилҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мусоидат хоҳанд кард.

Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов оид ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли сипаришуда шунида шуд.

Зикр гардид, ки нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,1 фоиз таъмин шуда, ба буҷет як миллиарду 467 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 2,1 млн. сомонӣ ва ҳамин давраи соли гузашта 179,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар таъмини нақшаи андозҳо ҳиссаи шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Норак, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Темурмалик ва Ш. Шоҳин назаррас буда, онҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетро барзиёд таъмин ва маблағҳои барзиёдиро барои вусъатдиҳии корҳои ободонӣ равона намуданд.

Шумораи соҳибкорони бо патент ва шаҳодатнома фаъолиятдошта 32,4 ҳазор нафар ё ин ки нисбати соли гузашта 523 нафар афзоиш ёфта, аз ҳисоби онҳо ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 98,3 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Дар вилоят шумораи нафақагирон 249,3 ҳазор нафар буда, аз ҷумла нафақагирони маъюб 52,7 ҳазор нафар, маъюби то 18-сола 11,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи маблағи нафақапулии онҳо мутаносибан 292, 278 ва 242 сомониро ташкил медиҳад.

Барои пардохти маблағи нафақапулиҳо ба суратҳисоби Фонди суғуртаи иҷтимоӣ 875,7 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки 98,5 фоизи талаботро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 687 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуд. Аз ҳаҷми умумии маблағҳо 1 миллиарду 479 миллион сомонӣ ё 87,6 фоиз ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рост омад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят 30 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, аз ҳисоби онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 469 миллион доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст.

Соҳибкорони вилоят дар соли 2019 ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ 99 адад лоиҳаҳои қарзӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи 461 млн. сомонӣ пешниҳод намуда, ба 7 лоиҳа 7,5 млн. сомонӣ маблағи қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоят Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мавриди амал қарор дошта, барномаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Хуросон, А. Ҷомӣ ва Қубодиён бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқимонда бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо қабул гардида, ба рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал мусоидат намуда истодааст. Иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2016-2020-ум 98 фоиз таъмин гардидааст.

Дар идомаи маърӯзаи муовини раиси вилоят Р. Раҷабов оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ далелу арқом оварда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки дар баробари пешравиҳо ва корҳои иҷрошуда, таҳлили рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли 2019 нишон медиҳад, ки дар ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо бобати иҷрои вазифаҳои пешгузоштаи Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол захираҳои мавҷуда пурра истифода нашудаанд. Ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти ислоҳ шудани камбудиҳо дар фаъолият ва боло бурдани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2020 дастур дода шуд.

Дар охир раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки дар соли 2020 фаъолони вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд ва ба натиҷаҳои беҳтару бештар ноил мегарданд.

http://www.khatlon.tj/