Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли 2020

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва муовинони раиси вилоят , инчунин бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа натиҷаҳои судманд ва истифодаи захираю имкониятҳои мавҷудаи вилояти Хатлон ва муҳаё намудани шароити иҷтимои иқтисодии аҳолии вилояти Хатлон шунида шуд.