Ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон (14.10.2021 сол)

Санаи 14 октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Суди вилояти Хатлон ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон  баргузор гардида, дар он парвандаҳои категорияҳои гуногун, ки аз тарафи судяҳо ба Раёсати суди вилоят дар асоси шикоят ва эътирозҳои назоратӣ ирсол мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа раиси Раёсати Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, аъзоёни Раёсат ва ҳайати Раёсат аз прокуратураи вилояти Хатлон иштирок намуданд.