Ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон (18.03.2021 сол)

 

Санаи 18 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Раёсати суди вилоят муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, аъзоёни раёсати суди вилоят ва прокурорҳои прокуратураи вилояти Хатлон ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон  шикоят ва эътирозҳои назоратие, ки  аз тарафи судяҳои Суди вилояти Хатлон  барои баррасӣ дар суди марҳилаи назоратӣ ирсол карда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.