Ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон

Санаи 20 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Суди вилояти Хатлон ҷаласаи Раёсат баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Раёсати суди вилоят ва дигар аъзоёни Раёсати суди вилоят иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласи Раёсати суди вилоят шикоят ва эътирозҳо вобаста ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ, ки барои баррасӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дода шудаан, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Даъди баррасии шикояту эътирозҳо муҳокимаи санҷиши фаъолияти Суди шаҳри Норак ва судҳои ноҳияҳои Шаҳритусу А.Ҷомӣ баргузор гардида, дар он сабабу шароитҳое, ки боиси камбудиҳои ҷойдошта гардидаанд мавриди маҳокима қарор гирифта шуданд.