Ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилоят дар семоҳаи аввали соли 2024

 

Санаи 4 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси Раёсати Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, аъзоёни Раёсати суди вилоят ва прокуророн иштирок варзиданд.

Ҷаласаро Раиси Раёсати суди вилоят кушода эълон карда тибқи рӯзномаи ҷаласа кори Раёсатро пешбарӣ намуд.

 

Баъди анҷом ёфтани ҷаласаи Раёсати Суди вилояти Хатлон маҷлиси натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли 2024 бо иштироки раисони судҳо, муовинони якум ва муовинони онҳо баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастии мазкур оиди баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури бо моддаҳои 90, 330, 336, 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шуда, вобаста ба қарори адолатона қабул кардан тавзеҳот дода шуд.

Инчунин дар маҷлиси ҷамъбастии мазкур оиди сари вақт ва бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ ва оилавӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Бо мақсади таъмин намудани дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» супориш дода шуд, ки ҳамаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд») ва 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар маҳалҳо бо гузаронидани судҳои сайёр баррасӣ карда шаванд.

Инчунин, оиди даст назадан ба кирдорҳои коррупсионӣ, даст назадан ба дигар кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судя, пешгирии омилҳои коррупсионӣ байни кормандони дастгоҳи судҳо, супориши қатъӣ дода шуд.