Ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи хуқуқи шаҳрвандон

Имруз, 23 феврал, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шақрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯро ширкат варзиданд.

Нахуст котиби масъули Шӯро, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Салимзода С. суханронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда тибқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2023, дастрасии матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Чумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии вилояти Хатлон, чораҳои андешидашуда оид ба тақвият бахшидан ба барномаи махсуси телевизионии «Мурофиа» ва ташкил намудани барномаҳои телевизионии «Хуқуқи Шумо» ва «Ҳукм» маълумот доданд.

Сипас ҳисоботи раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор оид ба корҳои анҷомдодашуда вобаста ба дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеомада, фаҳмондадиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, чораҳои андешидашуда ҷиҳати зиёд намудани шумораи мурофиаҳои сайёри судӣ, гузаронидани вохуриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба ҷиноятҳои куштор, латукуб, ба худкушӣ расонидан ва баҳсҳои рузмара, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти маданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ, иқтисодӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратидошта шунида шуд.