ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА 31- СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ ОЛӢ

 

Санаи, 5 ноябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашнгирии 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар кор чорабини Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

20251105_153359.jpg 20251105_155902.jpg   20251105_160335.jpg

 

Дар оғоз, муҳтарам Мирзозода Р.П. ҳамаи ҳозиринро бо “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шодбош гуфта, таъкид карданд, ки қонун сухани охирин аст ва судя касест, ки аз рӯйи виҷдони пок ва масъулияти баланди касбӣ онро амалӣ месозад. Даъват гардид, ки ҳар як хизматчии низоми судӣ вазифаи худро беғаразона, софдилона ва бо эҳсоси баланди Ватандорӣ иҷро намояд.

 

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳокимияти судӣ дар кишвар пайваста такмил меёбад ва ҷойгоҳу эътибори суд дар ҷомеа пурзӯр мегардад. Имрӯз барои кори босамари судяҳо ва баланд бардоштани сатҳи саводнокию таҷрибаи касбӣ имкониятҳо нисбат ба солҳои қаблӣ бештар фароҳам шудаанд.

IMG-20251105-WA0266.jpg IMG-20251105-WA0267.jpg

 

Ғайр аз ин, дар кори ҳамоиҳ судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ дар мавзуҳои нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули Конститутсия, аҳамияти Конститутсия дар рушду пешрафти ҳокимияти судӣ бо баромадҳои пурмӯҳтаво баромад ва суханронӣ намуданд.

IMG-20251105-WA0258.jpg IMG-20251105-WA0259.jpg IMG-20251105-WA0260.jpg

IMG-20251105-WA0263.jpg IMG-20251105-WA0265.jpg IMG-20251105-WA0268.jpg

 

Дар рафти ҷамъомад чанде аз судяҳо, ки бо садоқати хизматӣ, масъулияти баланд ва покии ният фаъолият доранд, бо “Ифтихорномаи Раиси Суди Олӣ” қадрдонӣ шуданд.

https://sud.tj/