Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябр

 

 

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди вилояти Хатлон бо иштироки и.в.раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон ҳамзамон бо иштироки намояндагони ВАО ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр баргузор гардид.

Малиси тантанавиро и.в.раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим оғоз карда, баромад намуд ва баъдан суханҳои табрикиро ба мутахассиси шуъбаи суди вилоят Абдуллозода Бахтиёр ва котиби маҷлиси судии Суди вилояти Хатлон Бояков Саидшоҳ Абдуллоевич дод.

Дар охир боз и.в.раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзорда Шамсулло Салим баромад карда, тамоми кормандони дастгоҳи суди вилоятро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳоро таманно намуд.