Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.11.2020 сол)

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон баъди гузаронидани маҷлиси фаврӣ  ҷамъомади тантавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бахшида ба рӯзи баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам, муовини якум Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси суди вилоят Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят ва тамоми кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Раиси Суди вилояти Хатлон ҳамаи кормандони суди вилоятро бо Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оиди азму талошҳои Президенти кишварамон, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар давраҳои басо ҳасостарин баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

 

Ҳамзамон раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. ҳамаи кормандонро барои содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватани худ хизмат кардан даъват карда, таъкид кард, ки ҳамаи кормандон бо сари баланд бояд тарафдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.