Ҷараёни таъмини Суди вилояти Хатлон бо қувваи барқи доимӣ

Санаи 12 ноябри соли 2025 бо мақсади таъмини бинои Суди вилояти Хатлон бо қувваи барқи доимӣ аз шарти техникӣ бо тавоноии 50 кВт аз чашмаки “20 солагии Истиқлолият” як адад трансформатор бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид насб гардида, ноқилҳои хати барқ аз ҷониби кормандони Шабакҳои барқи шаҳри Бохтар пайваст карда шуд.

Роҳбарияти Суди вилояти Хатлон барои таъмини бинои Суди вилояти Хатлон бо барқи доимӣ ва дастгирии пайгирона миннатдории худро ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид изҳор менамояд.

Ичунин, ба кормандони Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар барои васл кардани трансфораматор ва пайвастани он ба шабақаҳои барқ изҳори сипос менамоянд.