Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Суди вилояти Хатлон

Санаи 3 сентябри соли ҷорӣ  дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси суди вилоят аҳёзода шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳи суди вилоят, инчунин собиқадорони ҳокимияти судӣ низ иштирок намуданд.

Чорабинии фарҳангиро раиси Суди вилояти Хатлон оғоз намуда, дар мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ баромад карда ҳамаи кормандонро бо ин ҷашн тадрик намуд. Сипас сухан ба муовинон ва собиқадорони ҳокимияти судӣ дода шуд.

Баъди таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ маросими супоридани ифтихорномаҳои раиси суди вилоят бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид. Бо Ифтихорномаи раиси суди вилоят кормандони дастгоҳи суди вилоят, ки содиқона хизмат карда истодаанд ва собиқадорони ҳокимияти судӣ низ барои содиқона адои хизмат карданашон бо сипосномаҳои раиси суди вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон бо сипосномаҳои раиси суди вилоят намояндагони васоити ахбори омма, ки муддати тӯлони бо Суди вилояти Хатлон ҳамкорӣ намудаанд сарфароз гардонида шуданд.