ҶАШНИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

  

Санаи 5 ноябри соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанги вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, прокурори вилояти Хатлон муҳтарам Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ ва дигар роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад  бахшида ба Рӯзи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия санади тақдирсозӣ миллат» баромад карда, тамоми сокинони вилояти Хатлонро бо ҷашни рӯзи ин санади тақдирсоз табрик намуд.

Баромади раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П.

 

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Муҳтарам Раис!

Ҳозирини гиромӣ!

 

Ташаккури зиёд барои додани суханронӣ дар ин ҷамъомади бо шукуҳи ҷашнгирии Рӯзи Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи басо мураккабу тақдирсоз, яъне ташаккули давлатдории  миллии тоҷикон таҳти роҳбарии хирадмандона ва ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Бояд зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боигариҳои умумибашарӣ  такя намуда, бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои муттарақии ҷаҳон ва бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи  байналхалқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои  муҳими  байналмиллалӣ, аз қабили  Эъломияи ҳуқуқи башар, Аҳдномаҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои  шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадани таҳия шуда, ба тамоми  меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошад. Конститутсияи кишварамон аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, давлатҳои муттарақии дунё, коршиносон ва мутахассисон баҳои баланд гирифта, имрӯз дар радифи беҳтарин Конститутсияҳои  олам қарор дорад.

Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои  бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда,  6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ  аввалин Конститутсияи  Тоҷикистони  соҳибистиқлол қабул гардид, ки он Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи конститутсионӣ ба расмият даровард.

Ислоҳоти низоми сиёсии мамлакат аз қабули Конститутсия оғоз ёфта, он сохтори конститутсионии давлати мустақили  Тоҷикистонро муайян намуда, моҳияти давлату давлатдориро  барои оянда  раҳнамои намуд.

Ба Конститутсия мувофиқи талаботи давру замон, дар натиҷаи дигаргуншавии ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъияти  тағйиротҳо  ва иловаҳо ворид карда шудааст. Масалан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ  тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Конститутсия санади асосӣ  буда, дар он ҳифзи ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шакли ҳокимият, шаклҳои моликият, сохтори давлатӣ, меъёрҳои асосии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷии ба ин давлат воридшаванда ифода меёбанд.

Дар асоси моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ислоҳоти системаи судии мамлакат заминаи воқеъӣ гузошт. Аввалин  маротиба дар Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба тариқи конститутсионӣ муайян карда шуд, ки ин яке аз равандҳои  рушди  ҷомеаи демократӣ мебошад.

Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимити давлатӣ,  яке аз дастгоҳҳои ба тариқи судӣ амалишавии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар асоси Конститутсия, Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амал мекунад.

Маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ба танзимдарории фаъолияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб рафта, нақши онро дар ҷомеаи муосири адолатпарвари Тоҷикистон равшан менамояд. Дар ин бобат мустақил будан, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ гаштан, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дарҷ  гардидааст.

Аҳамияти бузурги таърихӣ ва байналмилалии Конститутсия дар он аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  эълон карда шуд ва тавассути он кишвари мо воҳиди баробарҳуқуқи  ҷомеаи  байналмилалӣ буда, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои  миллии  давлат ба роҳ мемонад.

Бори аввал дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ этироф карда шуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир гардидааст.

Ҳамзамон, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила, модару кӯдак ҳамчун асоси ҷамъият таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат  қарор гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи демократии давлатдориро пеш гирифтааст ва дар Конститутсия дарҷ гардидааст, ки риояи он вазифаи ҳар як шахс аст. Аз ин рӯ,  зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд Конститутсияро омӯзад, донад ва риоя кунад. Риояи   ҳатмии Конститутсия кафолати  ҳимояи  ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, асоси  ташаккули  давлати  демократӣ ва ҷомеаи  шаҳрвандӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат, таъминкунандаи кафолати ҳифзи судӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, санади тақдирсози ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон эътироф карда мешавад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда Шумо ва тамоми мардуми Хатлонзаминро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, барои Тоҷикистони азизамон осмони софу беғуборро хоҳонам.

Ташаккур барои диққататон!