Иштироки Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Наврӯз дар шаҳри Норак

22 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Норак бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Норак баргузор гардид.

Инчунин аз тарафи аҳли фарҳангои вилояти Хатлон ва шаҳри Норак ҷорабинии фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз навмоишҳои фарҳангоӣ пешкаши тамошобинон гардид.

 

Инчунин дар чорабинии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон баромад карда, тамоми мардуми шаҳри Норакро бо ҷашни Наврӯзи байналимлалӣ табрик намуд.

ТАБРИКОТИ

РАИСИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ МИРЗОЗОДА РУСТАМ ПИРАҲМАД БАХШИДА

БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

 

Ҳозирини арҷманд,

Ҳамдиёрони азиз!

 

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагии диёр бо рӯҳияи баланди идона таҷлил намуда, онро чун ҷашни зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, ваҳдату созандагӣ азизу гиромӣ медорем.

Бо камоли мамнуният, ҳамаи Шуморо бо фарорасии иди аҷдодиамон – Наврӯз, ки зодаи хиради азалӣ, андешаи созанда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагонамон мебошад, самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ, рӯзгори ободу осуда ва барору муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорам.

Наврӯзи оламафрӯз, ки тараннумгари рукнҳои муҳимтарини ахлоқӣ, маънавӣ, покизагӣ, сулҳофарӣ, фарҳангсолорӣ буда, аз хуррамии табиат мужда медиҳад, инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дӯстию бародарӣ баҳравар менамояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат мекунад.

Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо гояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

 

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

 

Ҷашни Наврӯз дар тӯли асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва богдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда на танҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Бузургони илму адаби мо дар ҳама давру замон бо ифтихор расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд. Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзро таҷлил менамоем.

Боварӣ дорем, ки фаъолон ва аҳли заҳмати шаҳри Норак минбаъд низ ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо меҳнати ҳалолу садоқатмандонаашон дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, устувор шудани ваҳдату ягонагӣ, дӯстию рафоқати тамоми сокинони Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Бори дигар ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро аз номи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва аз номи худ ба кулли мардуми шарифи вилояти Хатлон ва Тоҷикистони азиз табрику таҳният гуфта, орзумандам, ки бахту саодат, хайру баракат, саодату сарбаландӣ дар ҳар хонадони тоҷикистонӣ ҳукмфармо ва сулҳу субот, ваҳдати миллии мо ҷовидонӣ бошад.

 

Сарбаланду хонаобод бошед!

 

Раиси Суди вилояти Хатлон

Мирзозода Рустам Пираҳмад