Ҷазои якумра барои ҷинояти содиркарда

 

23 ноябри соли 2021 Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон як тан сокини ноҳияи Хуросон Болтахонов Рустам Исматуллоевичро, санаи таваллудаш 1976 бо ҷурми содир кардани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в,л» (одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, кушатни баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст , одам бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ), 138 қисми 3 банди «а»  (Таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зан.Таҷовуз ба номусе, ки нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) ва 139 қисми 4 банди «а» (Бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ҷабрдида ё дигар шахсони ба ӯ наздик ё истифодаи вазъияти оҷизонаи ҷабрдида анҷом дода шудааст, ҳаракате, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, агар нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбаташ аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо ади намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомашон махсус таъин карда, эълон карда шуд, ки ҳангоми норозӣ шудан маҳкумшуда метавонда дар муҳлати 10 шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳукм тавассути ҳамин суд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шикоят  оварад.

Хотиррасон карда мешавад, ки Болтахонов Рустам Исматуллоевич дар ноҳияи Хуросон дар ҳолати мастӣ хурдсол ХХХ-ро, ки хонандаи синфи сеи яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияи Хуросон, мебошад, бо роҳи фиреб бурда даст ба таҷовуз ва қатли вай мезанад. Ҷиноят аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ошкор карда шуда, парванда оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан барарсӣ намудан ба Суди вилояти Хатлон ворид мегардад. Дар натиҷа Болтахонов Р.И. гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои сазовор таъин карда шуд.