Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани бозии футбол байни Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ

Санаи 15 ноябри соли 2019 дар майдончаи варзишии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зиддӣ коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозиҳои дасаҷамъонаи футбол баргузор гардид.

Дар бозии мазкур футболбозони дастаҳои Суди вилояти Хатлон, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсатҳои хадамоти гумрук ва  нозироти андоз иштирок варзиданд.

Ин иқдом аз тарафи аз тарафи роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба пуррагӣ дастгирӣ гардида, он бо як маҳорати ташкилотчигӣ ва дастаҷамъӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр гузаронида шуд.

Дастаи бозингарони Суди вилояти Хатлон аз ҳисоби кормандони дастгоҳи суди вилояти таъсис дода шуда, дар бозиҳоии мазкур фаъолона иштирок варзиданд.