Барафрохтани Парчами давлатӣ дар Суди вилояти Хатлон

Ба муносибати ҷашни Наврӯз ва бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои маъмурии суди вилоят Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 15 метр барафрохта шуд.

Парчами давлатӣ ин яке аз нишонҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, рамзи мустақил ва соҳибистиқлол будани  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бинбар ин барафрохтани Парчами давлатӣ ин шараф аст.