БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ЁЗДАҲУМИ МИЛЛӢ ОИД БА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 4 ноябри соли 2025 дар арафаи ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид.
Дар кори Форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, меҳмонон аз давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. дар кори Форум иштирок намуда, бо суханронии худ вобаста ба нақши судҳо дар таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳу сифати баамалбарории адолати судӣ ва эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ изҳори андеша намуд. Таъкид гардид, ки татбиқи пайвастаи принсипҳои волоияти қонун ва таъмини адолати судӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни Форум қайд карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҳуқуқиро танзим менамояд, балки барои ташаккул ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо дарназардошти рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар заминаи устувор фароҳам овардааст.
Форум масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ, сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятӣ баррасӣ гардиданд.
Дар поёни чорабинӣ, иштирокчиён тавсияҳои Форумро қабул намуданд, ки барои баррасӣ ва корбарӣ ба мақомоти дахлдор ирсол мегарданд.
Суди вилояти Хатлон 








