Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санаи 21 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳи суди вилоят ва Суди шаҳри Бохтар иштирок карданд.

Маҷлиси тантанавиро муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ кушода эълон кард.

Баъди кушодашавӣ ва суханронии муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода П.С.  сухан барои баромад кардан ба судяи Суди вилояти Хатлон Ҳамрохонзода Умедҷон дода шуда, номбурда  дар мавзуи «Парчам-муқаддасоти миллӣ» баромад кард.

Инчунин, сухан ба мутахассиси шуъбаи таъмину ташкили кори судҳои суди вилоят Холзода Исломуддин дода шуд, ки номбурда низ дар мавзуи «Парчами давлатӣ-ифтихори миллӣ» баромад кард.

Дар хотима муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода П.С. ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоятро бо ҷашни рамзи муқаддасоти миллӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамагон бурдбориҳо дар фаъолияташон ва ба кишвари азизамон ҳамеша бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботро орзу намуд.