ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ (08.09.2023 сол)

Санаи 8 сентябри соли ҷорӣ дар майдони назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Бохтар паради ҳарбӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки низомиён, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ баргузор гардид.

Дар паради мазкур кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сару либоси низоми иштирок варзида, бо сари баланд ва бо тантана аз паради ҳарбӣ гузар карданд.