Бо ифтихор ва сари баланд ба нафақа баромадан барои ҳар як судя шараф аст!

Санаи 2 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар пеш аз оғози  машғулиятҳои семинарии судяҳо маросими ба нафақа гусел кардани раиси суди ноҳияи Дӯстӣ муҳтарама Ҷаъфарзода Латофат Қаландар баргузор гардид. Ҷаъфарзода Латофат Қаландар тӯли чанд соли охир дар вазифаи  раиси суди ноҳияи Дӯстӣ фаъолият намуда, вазифаҳои бар душ доштаашро бо сари баланд иҷро намуда, бинобар ба синни ниҳоӣ расидан ба нафақа гусел карда шуд.

Бо ифтихор ва сари баланд ба нафақа баромадан барои ҳар як судя шараф аст. Маросими гусел ба нафақа аз тарафи роҳбарияти ҳокимияти судӣ ба танзим дароварда шуда, бо тантана дар байни коллективӣ меҳнатӣ  баргузор мегардад.

Бинобар ин, мароситми гуседи Ҷаъфарзода Латофат Қаландар ҳамчун судяи шоиста ва шахсияти барҷаста бо тантана суръат гирифта, аз ҷониби роҳбарияти суди вилоят қадрдонӣ карда шуд.