Бо ифтихор ва сари баланд ба нафақа баромадан барои ҳар як судя шараф аст!

 

 

Санаи 15 декабри соли ҷорӣ дар суди вилояти Хатлон минтақаи Кӯлоб баъди хотима ёфтани  машғулиятҳои семинарии судяҳо маросими ба нафақа гусел кардани муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Табарзода Изаттуло баргузор гардид. Табарзода Изатулло тӯли чанд соли охир дар вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон (минтақаи Кӯлоб) фаъолият намуда, вазифаҳои бар душ доштаашро бо сари баланд иҷро намуда, бинобар ба синни ниҳоӣ расидан ба нафақа гусел карда шуд.

Бо ифтихор ва сари баланд ба нафақа баромадан барои ҳар як судя шараф аст. Маросими гусел ба нафақа аз тарафи роҳбарияти ҳокимияти судӣ ба танзим дароварда шуда, бо тантана дар байни коллективӣ меҳантӣ  баргузор мегардад.

Бинобар ин, мароситми гуседи Табарзода Изатулло ҳамчун судяи шоиста ва шахсияти барҷаста бо тантана суръат гирифта, аз ҷониби роҳбарияти суди вилоят қадрдонӣ карда шуд.