Чораҳои пешгирӣ аз гирифтори вируси нави Коронавирус (COVID-19) бо ташаббуси роҳбарияти Суди вилояти Хатлон (21.05.2020 сол)

 

Субҳи имрӯз бо ташаббуси раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо мақсади пешгирии мубталошавӣ бо вируси нави Коронавирус  (COVID-19)  ба тамоми кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судяҳои Суди вилояти Хатлон миқдорҳои муайяни ниқобҳои босифат ва маҳлулҳои антисептики тақисм карда шуд.

 

Тамоми кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судяҳои суди вилоят ниқобу маҳлулҳои анстисептикии тақдимшударо дар ҷойҳои корӣ мақсаднок истифода бурда, баҳри таъмини амнияти саломатии шахсӣ аз ин омили умумиҷаҳонӣ тамоми чораҳои безараргардониро гузаронида истодаанд.

 

Роҳбарияти суди вилоят тасмим гирифтааст, ки мунтазам то баромадан аз пандемияи сироятии мазкур лавозимотҳои безараргардонӣ ва нигоҳдошти саломатии кормандонро сари вақт таъмин намоянд.