Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артишии миллӣ

 

Санаи 22 феврали соли ҷорӣ дар толори театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабини фарҳангӣ бахшида Рӯзи таъсисиёбии артиши миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва дигар роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ташкилоту идораҳои давлатӣ иштирок карданд.

Дар чорабинии тантанавӣ Раиси вилояти хатлон Ҳакимзода Қурбон баромад карда афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин собиқадорони ҷангу меҳнатро табрик намуд.

Дар чорабинии мазкур қисмати зиёди афсарон ва кормандони мақомотҳои қудратӣ бо ифтихорномаву орденҳо мушарраф гардонида шуданд. Баъдан аз руи барномаи таҳияшуда чорабинии консерти бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардида, дар он ҳунармандон ва сарояндагон баромад карданд.