Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар — 8 Март

Санаи 5 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи судии Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад муовинони раис ва кормандони дастгоҳи суди вилоят чорабинии идона бахшида ба Рузи Модар 8 Март   баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси суди вилоят  ҳамаи занҳое, ки дар дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кору фаъолият мекунанд бо Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.