Дастовардҳои Ҳокимияти судӣ

Бодарки амиқи нақши муҳими ҳокимияти судӣ дар рушди давлати демократии муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Қумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушду таҳкими ҳокимияти судӣҳамеша диққати махсус медиҳад, дар Паёми худ ба парламенти кишвар 23 апрели соли 2013, аз қумла зикр намуд, кивоқеа, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти  судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иқтимоӣ мебошад.

Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ буда, он дар ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, риоя ва таъмини волоияти қонун,ки нишондиҳандаи давлату қомеаи озоду демократӣ мебошад, нақши босазо дорад.

Дар Тоқикистонбаъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, муқарар гардид, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ мустақилона адолати судиро ба амал бароварда, дар татбиқи салоҳият танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат мекунад.

Ба Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 таѓйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тибқи ин боби ҳаштуми Конститутсия, ки ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст, такмил ёфта, муҳлати ваколати судяҳо ба қойи панқ сол даҳ сол муқарар гардид, ҳангоми интихоб ё таъин ба мансаби судягӣ доштани танҳо шаҳрвандии Қумҳурии Тоқикистон пешбини гардид ва муқарар шуд, ки шахси бори аввал ба мансаби судя интихоб ё таъиншаванда, тибқи тартиби муқараркардаи қонунгузорӣ савганд ёд мекунад.

Дар заминаи амалишавии ҳадафҳои Паёми Роҳбари давлат ба мақоми олии намояндагӣ ва ҳокимияти судӣ ва идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар бо фармонҳои Президенти Қумҳурии Тоқикистон  се Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд.

Дар асоси барономаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, бо ташаббуси Президенти Қумҳурии Тоқикистон кодексҳои мурофиавии қиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои конститутсионии Дар бораи Суди конститутсионии Қумҳурии Тоқикистон Дар бораи судҳои Қумҳурии Тоқикистон ва як зумра дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа қабул шудаанд, ки барои таҳкими фаъолият ва салоҳияти судҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мукаммалгардонии раванди мурофиавии баррасии саривақтӣ ва одилонаи парвандаҳо замина гузоштааст.

Бинобар татбиқи бомароми барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мувифиқи қонунгузории мурофиавии қиноятӣ ваколати додани иқозати ба ҳабс гирифтани шахс, кофтукови манзил, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо ва мисли онҳо ба зиммаи мақомоти судӣ вогузор карда шуд.

Ҳамчунин баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа дар ҳамаи зинаҳои судӣ таъмин гардид, ки бори аввал дар сохтори Суди Олии Қумҳурии Тоқикистон ва судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ гражданӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъсис дода шуд.

Маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат дар Тоқикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Суди конститутсионии Қумҳурии Тоқикистон ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ таъсис дода шуд. Дар моддаи 89 Конститутсия ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии Қумҳурии Тоқикистон  «Дар бораи Суди Конститутсионии Қумҳурии Тоқикистон» яке аз салоҳиятҳои муҳими он муайян намудани лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо  ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйипурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, маҳсуб меёбад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ 4 ноябри соли 2010 дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 15-солагии таъсиси Суди Конститутсионӣ вобаста ба ин салоҳият иброз дошт.

«Суди конститутсионӣ дар баробари муфйян намудани мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, ҳамчунин масъалаи ба Конститутсия мутобиқ будани лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба он воридшаванда, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшавандаро муайян менамояд.

Ба Суди конститутсионӣ вогузор намудани салоҳият боз як далели равшани эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсияи Тоқикистон ва мустақиман амал намудани маъёрҳои он, ҳамчунин тақвияти нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ мебошад»

Дар Қумҳурии Тоқикистон назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, қиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеъияти ин судҳо қарор дошта, Суди Олии Қумҳурии Тоқикистон амалӣ менамояд.

Бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва мукаммал гардидани қонунгузории соҳа фаъолияти Суди Олӣ такмил ёфта, мақоми мазкур қиҳати амалисозии адолати судӣ дорои салоҳияти васеъ гардид ва дар сохтори он Пленум, Раёсат, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, қиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва коллегияи ҳарбӣ, инчунин дастгоҳи Суди Олӣ фаъолият мекунад.

Бо мақсади танзими сохтори дастгоҳ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ 9 июни соли 2016 Фармони Президенти Қумҳурии Тоқикистон  «Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии Қумҳурии Тоқикистон» қабул гардид, ки он барои таҳкими минбаъдаи фаъолияти Суди Олӣ равона гардидааст.

Дар Тоқикистон баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқамандро Суди Олии Иктисодии Қумҳурии Тоқикистон баррасӣ намуда, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳо буда амалӣ менамояд.

Ба шарофати дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Қумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судӣ дар ҳоли рушду такомул қарор дорадва имрўз нақши ин шохаи мустақили ҳоимияти давлатӣ дар рушди қомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии ҳар шахс, манфиатҳои давлату қомеа босазо буда, ин мақомот тавассути иқрои вазифаю уҳдадориҳои қонунӣ ва рисолати касбаиш фаъолияти муттасилу самарабахши хешро ба нафъи таҳкими пояҳои  давлати соҳибистиқлол пеш мебарад.

Ба тамоми кормандони ҳокимияти судӣ ба ифтихори 98-солагии иди касбияшон табрик гуфта, бароятон саломативу шодкомӣ, бахту саодат ва сарфарозии поянда орзу менамоям.

 

Мутахассиси пешбари шӯъбаи таъмини

ташкили кори судҳои Суди в.Хатлон                                                                          Абдуллозода Б.Р.