ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

   

Соли 2017 дар Суди вилояти Хатлон як китобхона таъсис гардида, он то инҷониб мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ки масоҳати он 3х5 метрро ташкил дода, дар он зиёда аз 200 адад китобҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқ ва дигар адабиётҳо арзи вуҷуд дорад.

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи Суди вилояти Хатлон як қатор китобҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқ ворид карда шуд, ки дастраси ҳамаи кормандони суди вилоят мебошанд ва барои мутолиаи онҳо шароит фароҳам оварда шудааст.

Илова бар ин, дар китобхонаи суди вилоят китобҳо вобаста ба суханрониҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нашрияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии гуногун нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамазамон, бо ташаббуси раиси Суди вилояти Хатлон, барои ба китобхонаи суди вилоят ворид намудани китобҳои шоирону нависандагони тоҷик ва ҷаҳонӣ  чораандешӣ шуда истодааст.