Форуми якуми занони сарвари вилояти Хатлон таҳти унваони «Нақши пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон»

Имрӯз, 28 ноябр, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Форуми нахустини занони сарвари вилояти Хатлон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи занон” бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода рустам Пираҳмад ва дигарроҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо доир гардид.

Форуми занони сарвар ба 20-солагии қабули Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бахшида шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуд, ки дар он намунаҳои чакану гулдӯзиҳои аз ҷониби бонувони ҳунарманди ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилоят таҳияшуда ба маъраз гузошта шуд. Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки дар вилоят ҳамасола мунтазам фестивалу озмунҳо, намоишҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ сурат мегиранд, ки баҳри рушд ва ҳифзу густариши мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мусоидат мекунанд.

Дар форуми мазкур бонувони Суди вилояти Хатлон низ фаъолона иштирок доштанд.

Сипас, дар толори театр қисми тантанавии Форуми якуми занони сарвари Хатлон ифтитоҳ гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузории Форуми якуми занони сарвари вилояти Хатлонро бахшида ба 20-солагии қабули Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба ҳамаи иштирокчиён муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуд.

— Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. — Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардониданд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне ба онҳо майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.

Раиси вилоят бо ифтихор аз бонувони фаъоли хатлонӣ Низорамоҳ Зарифова, Адолат Раҳмонова, Турсуной Алимардонова, Руқия Қурбонова, Ситора Шерзода, Раъно Каримова, Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, Махфират Хидирзода, Раъно Раҳимзода, Фирӯза Шарифӣ, Маърифат Зоирзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Заррина Давлатзода, Зебо Сатторова, Саодат Сироҷева, Аслбӣ Наврӯззода, Фариза Абдуллозода, ҳунарпешаҳои шуҳратёр Муқаддас Набиева, Марям ва Сайрам Исоеваҳо, Адолат Комилова, Меҳриннисо Ҳоҷибоева, рӯзноманигорону адибон Шарифамоҳи Кишвардухт, Ҳуриннисо Ализода, Хосият Вализода, Шоҳона Одиназода, Робияи Холмирзо, Асалмо Сафарова, Нуриннисо Муртазоева, Туҳфа Аҳмадова, Офоқ Қодириён ва дигарон ном бурд, ки дар рушди арсаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд.

Боиси тазаккур аст, ки 49,7 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил дода, намояндагии шоистаи онҳо дар мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шуда, 1 нафар зан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят, 181 нафар вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 616 нафар вакили маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз шумораи занони роҳбар дар вилояти Хатлон ба 6 ҳазору 586 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як ҳазору 70 нафар бештар аст.

Аз 2549 воҳиди кории хизматчиёни давлатии амалкунанда дар 439 воҳиди корӣ занон кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 190 нафар занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ айни замон фаъолияти босамар доранд.

Соҳаи маорифи вилоятро бе иштироки занон тасаввур кардан мумкин нест. Дар ин соҳаи ҳаётан муҳимми ҷомеа, ки заминагузори ташаккули нерӯи бузурги инсонӣ мебошад, шумораи занону модарони мо зиёда аз 50 фоизро ташкил дода, бо меҳнати шабонарӯзии хеш баҳри ташаккули шахсиятҳои комил, ворисони арзандаи сарзамину миллат, фарзандони бонангу номус саҳми калон гузошта истодаанд.

Меҳрубонӣ ва самимияти зан — омӯзгор, ки бо серталабӣ ва сахтгирӣ якҷо мешавад, баҳри ба камол расонидани волотарин сармояи ҷомеа – инсони комил нақши калидӣ дорад. 

Дар пешбурди фаъолияти соҳаи тандурустии вилоят низ мавқеи занон меҳварӣ буда, теъдоди онҳо дар ин соҳа 72,6 фоизро ташкил медиҳад.

Қалби шахси бемор, ки ба навозиш ва меҳрубонӣ ниёзи беандоза дорад, аз муносибати дилсӯзона ва ҳакимонаи бонувони табиби мо ба зиндагӣ дилгарм гашта, баҳри шифои худ давое меёбад.

— Раванди ҷомеа тақозо менамояд, то тафовут байни касбҳои мардона ва занона оҳиста-оҳиста аз байн рафта, занон низ тавонанд дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла тиҷорату соҳибкорӣ фаъолият намоянд, — идома дод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Дар робита ба ин месазад аз нақши рӯзафзуни занони соҳибкор дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ёдовар шавем. Имрӯз дар вилоят шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 27264 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 611 нафар зиёд гардидааст. Илова бар ин дар вилоят зиёда аз 65 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд ва роҳбарии 12632 хоҷагиро занон бар дӯш доранд.

Раиси вилоят инчунин аз мушкилоти ҷудошавии оилаҳо, таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстию ободгароӣ, сарфаю сариштакорӣ, нақши фаъол бозидан дар корҳои созандагӣ сухан гуфта, таъкид намуд, ки маҳз занону модарони хатлонӣ, ки дорои таҷрибаи бойи зиндагӣ ва маърифати азалӣ мебошанд, имкон доранд фаъолона дар баробари мақомоти давлатӣ дар ҳалли ин масъалаҳо кумаки бевосита расонанд.

Дар идомаи кори Форуми занони сарвари Хатлон чанде аз бонувони фаъол, собиқадор, эҷодкорон доир ба иштироки занон дар арсаҳои мухталифи хоҷагии халқ суханронӣ намуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба чанде аз бонувони фаъол Ифтихорнома ва Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим кард.

Барномаи пурмуҳтавои консертию адабӣ, ки ҳунарпешаҳои маъруфи вилоят омода карда буданд, идомабахши қисмати дувуми Форуми нахустини бонувони сарвари вилояти Хатлон буд.

http://www.khatlon.tj