Гузаронидани рӯзҳои шанбегӣ дар Суди вилояти Хатлон

Тибқи супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти суди вилоят бо мақсади ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштан дар Суди вилояти Хатлон мунтазам шанбегиҳо бо иштироки тамоми кормандони суди вилоят  гузаронида шуда истодааст.

Дар шанбегҳои мазкур тамоми дарахтони суди вилоят рангу бор карда шуда, дар гирду атрофи суди вилоят гулҳои гуногун шинонида шуд.

Қитъаи заминҳое, ки дар истифодабарии суди вилоят қарор доранд тоза карда шуда, дар он гул ва дарахтони гуногун шинонида шуданд.

Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Рӯзи модарон-8 март ва ҷашни Наврӯз-21-24 марти соли ҷорӣ, бо иштироки ҳамаи кормандони суди вилоят шанбегиҳо бе таъхир гузаронида шуда, кучаву хиёбонҳои назди бинои суди вилоят ва саҳни ҳавлии он тозаву озода карда мешавад.