Гузаронидани шанбеги дар Суди ноҳияи Панҷ

Санаи 6 апрели соли ҷорӣ вобаста ба таъмини тиҷрои  супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди вилояти Хатлон оиди дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шанбегиҳо баҳри ободниву бунёдкорӣ гузаронида шуда истодааст.

          

Яке аз ин судҳо Суди ноҳияи Панҷ ба шумор рафта, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди вилояти Хатлон вобаста ба дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда истодааст.

Дар шанбегиҳо ҳамаи кормандон дастгоҳ ва судяҳои суди ноҳия ҷалб карда шуда, бо қавваи кории худ ба бунёдкориву созандагӣ машғуланд.

Суди ноҳияи Панҷ дар қатори дигар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ гирду атрофи бино, роҳрав ва худи биноро азнавсозӣ намуда дар ҳолати тозаву озода нигоҳ доранд.