ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАҶЛИСГОҲ ДАР СУДИ НОҲИЯИ ЁВОН
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 4 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон бинои нави дуошёнаи Суди ноҳия бо иштироки ҳайати роҳбарияти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Вализода Икромиддин, инчунин кормандони мақомоти судии ноҳия ва меҳмонони дигар иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи иншооти нав зикр гардид, ки бунёди чунин биноҳои замонавӣ нишонаи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар ба таҳкими ҳокимияти судӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мебошад.






Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он толори барҳавои маҷлисгоҳ бо тамоми шароити муосир барои баргузории ҷаласаҳо ва чорабиниҳои расмӣ бунёд гардидааст. Ошёнаи дуюм бошад, ҳамчун толори иҷтимоӣ-фароғатӣ муҷаҳҳаз гардида, барои фароғати кормандон пешбинӣ шудааст.
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам зимни суханронӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба низоми судӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки муҳайё гардидани чунин шароитҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ ва адолати судӣ мусоидат менамояд.
Раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин низ зимни баромади худ иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумат, бахусус дар самти таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.





Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон аз шароити муҳайёгардида дидан намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани бино баҳои баланд доданд.
Ифтитоҳи чунин иншооти муҳим қадами устувор дар самти таҳкими низоми судӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад
Суди вилояти Хатлон 




