Иштирок дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2023 (10.10.2023 сол)

Санаи 10 октябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ иштирок доштанд.
Маҷлисро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят равона шуд.

Дар ҷаласа ҳисоботи муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода оид ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шунида шуд.
Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат доддани корҳои ободониву созанддагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.