Иштироки Муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода С.С. ва раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. дар Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳи фаъолият бо иштироки Сарвазири мамлакат доир гарид

Имрӯз, 17 октябр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моувини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Сайдали Сабзали, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва дигар масъулон ҷаласаи баррасии дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов оид ба ҷамъбасти тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли ҷорӣ маърӯза кард. Зикр шуд, ки  ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ дар 9 моҳи соли 2019 ба 13,8 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 7 фоизро ташкил медиҳад.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозу пардохтҳои маҳаллӣ 100 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 851,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 690,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 225,7 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардид. 87,4 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2019 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 994,2 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 165,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла,   ба соҳаҳои кишоварзӣ 289 миллион сомонӣ (29,2%),  саноат, сохтмон ва нақлиёт 354 миллион сомонӣ (35,6%), савдо 191 миллион сомонӣ (19,2%), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 5,8 миллион (0,6%) ва дигар соҳаҳо 154,4 миллион сомонӣ (15,4%) равона карда шудааст.

Гардиши савдо ба 4790,8 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 1345,4 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 39 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 1503,6 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 70,8 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 4,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли 2019 гардиши савдои хориҷӣ 278,8 миллион доллари америкоиро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,2 миллион доллари ИМА зиёд буда, афзоиш 4,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар 9 моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар вилоят 10 миллиарду 311,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 774 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 8,1 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 5 миллиарду 785,7 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 570,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад (суръати афзоиш 10,9 фоизро ташкил медиҳад). Дар вилоят 90 адад номгўи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин маълумот дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳо сохтмони 7127 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 октябри соли равон дар 2941 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки аз шумораи умумӣ 41,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1778 иншоот ба истифода дода шудааст.

Зимни баррасии дастоварду камбудиҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят бояд вусъат бахшида шаванд, зеро вилояти Хатлон дорои имконоти зиёди рушд мебошад. Дар охир ҷиҳати ислоҳи зудраси камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.