ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ ОЛӢ ДАР ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ НОРАКИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 23-юми марти соли ҷорӣ дар майдони марказии шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-03-23 at 17.56.15.jpeg

Дар ҳамоиши идона Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин, инчунин роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

WhatsApp Image 2026-03-23 at 17.20.23.jpeg WhatsApp Image 2026-03-23 at 17.21.44.jpeg

Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим нахуст зимни суханронии хеш кулли сокинони шаҳрро ба ифтихори Ҷашни Наврӯз самимона шодбош гуфта, иброз дошт, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон на танҳо ҷашни эҳёи табиат, балки рамзи сулҳу ваҳдат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози зиндагии нав мебошад.

WhatsApp Image 2026-03-23 at 17.58.08.jpeg

Раиси Суди Олӣ сокинони шаҳри Норакро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфта, зикр намуданд, ки  имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, дақиқ дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки Наврӯз амали созанда ва эҷодкунандаро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад.

WhatsApp Image 2026-03-23 at 17.21.23.jpeg WhatsApp Image 2026-03-23 at 17.57.14.jpeg

Дар идома як қатор роҳбарон, фаъолон, ҷавонони лаёқатманд ва кормандони соҳаҳои гуногун бо Сипосномаи МИҲД-и шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги шаҳр, ки аз суруду таронаҳои ҳунармандони маҳаллӣ, рақсу бозиҳои миллӣ ва саҳначаҳои ҷолиб иборат буд, хотири ҳозиринро болида намуд.

WhatsApp Image 2026-03-23 at 17.57.41.jpeg

https://sud.tj/