Иштироки раиси Суди вилояти Халтон Мирзозода Р.П. дар Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид (ВИДЕО)

Санаи 2 ноябри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи 6-уми ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода кори конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи конференсия шинос кард. Дар конфронси мазкур муовини аввали раис, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракат Ғайбулло Афзалов, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоу муассисаҳои вилоятӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок доштанд.

Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни ироаи маърӯзаи ҳисоботии худ гуфт, ки ҳарчанд дар солҳои 90-ум душманони миллат оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид шуда, тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ шуълаи оташи ҷангро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободонии мамлакат камар бандад. Сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзу пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд, ки ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад.

Рӯзи 18 июли соли 1997 қариб 600 нафар вакилон аз тамоми ҷумҳурӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ омада, баҳри ҳарчи зудтар аз нав барқарор намудани ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нигоҳ доштани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони намоёни давлатӣ, илму маданият ва собиқадорони ҷангу меҳнат бо ташаббуси наҷиб оид ба ташкили  “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” баромад намуданд. Вакилон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро Раиси “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” интихоб карданд.

— Мулоқоти имрӯзаи мову шумо дар рӯзҳое баргузор шуда истодааст, ки тамоми мардуми шарафманди Хатлонзамин бо рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд, — зикр намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Дар партави сиёсати ободгаронаи Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то соли 2021 бунёду азнавсозии беш аз 7300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз зиёда аз се ҳазор иншоот, аз ҷумла мактабу кӯдакистон, майдонҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, бунгоҳу муассисаҳои тиббӣ биноҳои маъмурию истиқоматӣ, ҳаммому сартарошхонаҳо, хатҳои обгузар ва ғайра мавриди истифода қарор дода шудаанд. Симои шаҳру ноҳияҳои вилоятамон бакуллӣ дигар шуда, сатҳи зиндагии мардум низ бамаротиб беҳбуд хоҳад ёфт.

То Ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 510 иншооти соҳаи маориф дар назар аст. Тайи се соли оянда аз ҷумла сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 63 муассисаи томактабӣ, 156 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 169 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва дар назди 122 муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.

То Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ягон муассисаи типи нав, аз ҷумла гимназия ва литсей фаъолият намекард. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 49 мактаби типи нав, аз ҷумла 23 гимназияи давлатӣ, 2 гимназияи ғайридавлатӣ, 1 муассисаи таълимии хусусӣ, 22 литсейи давлатӣ фаъолият доранд.

Бо истифода аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои истиқлолият дар ҳудуди вилоят 17 муассисаи интернатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар онҳо 2 ҳазору 976 нафар тарбиягирандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта шудаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди вилояти Хатлон 4 муассисаи нави таҳсилоти олӣ таъсис ёфт.

Дар соҳаи фарҳангу иттилоот низ дастовардҳои вилоят назаррас мебошанд. Тайи солҳои охир дар вилоят ансамблҳои мусиқии классикии “Шашмақом”-у “Фалак”, ансамбли “Хутал”, муассисаи давлатии “Хатлонсинамо”, муассисаи давлатии театри лӯхтакии “Афсона”, маҷаллаҳои вилоятии “Сафо” ва “Меҳровар”, нашрияҳои соҳавии “Иттифоқ”, “Элчи” таъсис дода шудаанд, ки даҳҳо нафар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ин муассисаҳои фарҳангӣ ва иттилоотии вилоят дар пуррасозии фазои фарҳангию иттилоотии кишвар саҳми муносиб мегузоранд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки ҷомеаҳои меҳнатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои пешгузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят чораҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд. Масалан, имрӯз 63 фоизи ғалладонагиҳо, 70%-и пахта, 52%-и сабзавот, 80%-и полезӣ, 39%-и мева, 53%-и гӯшт ва 48 фоизи шири ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад.

Гуфта шуд, ки ҳам давлат ва ҳам шӯрову ҳаракатҳои ҷамъиятии амалкунанда баҳри он мекӯшанд, ки сатҳи зиндагии мардум боло равад, мушкилоти сиёсию иҷтимоии мавҷуда ҳалли худро ёбанд, маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии мардум такмил ёбад, эҳсоси масъулиятшиносӣ баланд гардад, шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои ҳалталаб фаъолтар шуда, иштироки бевоситаи онҳо дар ин равандҳо густурда гардад.

Раиси вилоят масъалагузорӣ кард, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ аз нерую зарфият ва ҳузури аъзоёни Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳё, инчунин Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат фаровон истифода баранд. Баъзан ҳолатҳо бетаваҷҷуҳии раисони шаҳру ноҳияҳо ба Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ба мушоҳида мерасад, роҳбарони онҳоро ба ҷаласаҳо, чорабиниҳо даъват намекунанд, ба проблемаю муаммоҳояшон гӯш намедиҳанд, аз маслиҳату машварати собиқадорон баҳра намегиранд. Шумораи чунин пирони кор дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят зиёд аст, аммо таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоии онҳо кам зоҳир мешавад.

Ба таъкиди Қурбон Ҳакимзода, бояд ҳар як раиси ҷамоат, раисони шаҳру навоҳии вилоят рӯйхати собиқадорони обруманд, хизматнишондодаи маҳалли худро дошта бошанд, мунтазам ба аёдати онҳо рафта, аз машварати онҳо ҳангоми зарурат баҳра гиранд, мувофиқи имконият дар мушкилоти чунин собиқадорон расидагӣ намоянд.

Даиси вилоят бо дарназардошти созмони бонуфузи ҷамъиятӣ ва муттаҳидкунандаи ҳазорон нафар будани Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва бо мақсади инъикоси мунтазам ва фарогири фаъолиятҳои ин Шӯро, ташкил додани минбари сухан барои аъзо ва собиқадорони ин ҳаракат, пешниҳод намуд, ки Шӯро нашрияи ҳармоҳаи худро таъсис диҳад.

Дар идомаи кори конфронс раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Аҳмадҷон Ализода ва дигарон ба музокира баромада,ҳисоботи раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни баромади худ Шӯрои вилоятии Ҳаракатро яке аз ҷузъҳои пешқадами ин созмон номид.

Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракат Ғайбулло Афзалов зикр кард, ки мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар мо хоҳем, ки мамлакати мо ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падарону модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем.

Дар идомаи конфронс интихоби 22 узви нави Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, котиби озоди Шӯро ва раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракат дар вилоят аз ҳисоби собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои обруманди вилоят сурат гирифт.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аъзои нави Шӯрои вилоятии ҳаракат дар фаъолияти минбаъдаашон барори комёбӣ хост.