Иштироки раиси Суди вилояти Хатлон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон

Санаи 17 июли соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва ба ҳайси аъзои раёсат раиси суди вилоят Мирзозода Рустам Пираҳмад ва дигар аъзоёни Шӯро ҷаласаи навбатии Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.

Баъди оғози кардани ҷаласаи Шӯро, аз тарафи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оиди рафти иҷрои бандҳои дахлдори Шӯрои мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. ахборот дод:

Суди вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои банди 2 (оиди роҳандозӣ намудан вобаста ба фаҳмондадиҳии мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои аз ин Паём бармеоянд дар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятии вилоят, шаҳру ноҳияҳо (новобаста аз шакли моликият), банди 4 (Амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тариқи шабакаҳои телевизион, радио, дигар воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва банди 10 (Гузаронидани мизҳои мудавар ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли ҷамоат дар ташкилоту муассисаҳо, баромад тавассути ахбори омма оиди тарбияи ҳуқуқӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва оиди даъвати шаҳрвадон ба сафи Қуваҳҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон) Нақшаи кории Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон барои соли 2020 дар нимсолаи аввали  соли ҷорӣ аз тарафи судяҳои суди вилоят 85 маротиба суҳбату вохуриҳо, 6 маротиба дар садо, 10 маротиба дар симо баромадҳо доир гардида, 9 адад мақолаҳои судяҳои суди вилоят дар рўзномањо чоп шудаанд.

Чунончӣ, аз тарафи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Нақшаи дохилиидоравӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 декабри соли 2019 бармеоянд, таҳия карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.

Инчунин, судяҳои суди вилоят санаи 16 июли соли ҷорӣ дар мизҳои мудавар дар мавзуи “Пешгирии савдои одамон ва раванди иҷроиши Барномаи миллии муқовимат бо савдои одамон барои солҳои 2019-2021” судяи Суди вилояти Хатлон Олимзода Улфат Розиқ. ва “Пешгирии зуроварӣ дар оила” судяи суди вилоят Расулзода Муҳаммад иштирок намуданд.

Ҳамзамон, ба раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки аъзои Шӯроҳои мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, супориш дода шуд, ки вобаста ба фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маљлиси Олї, оид ба моҳият ва зарурияти Ќонунҳои Љумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Љумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Пешгирии зуроварӣ дар оила”, “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон суҳбату вохуриҳо гузаронанд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мазкур, аз тарафи судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 100 мақолаҳо дар рӯзномаҳо ба нашр расида, 168 маротиба дар садо, 129 маротиба дар симо ва 1155 маротиба суҳбату вохуриҳо, вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маљлиси Олї, оид ба моҳият ва зарурияти Ќонунҳои Љумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Љумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” инчунин вохўриҳо бо ањли љамоатчигї дар мавзӯъҳои бањсњо вобаста ба замин, манзил, бањсњои оилавї, њуќуќвайронкунии маъмурӣ дар соњаи моликияти зењнї, ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ, нашъамандӣ ва даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷиистон бо кормандони шӯъбаҳои Сабти асноди ҳолаҳои шаҳрвандӣ, шӯъбаҳои маориф, кумитаҳои заминсозӣ, идораҳои нотариалии давлатӣ, кормандони Корхонаҳои фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, кормандони ҷамоатҳо, нозирони минтақавии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо доир гардид.

Суди вилояти Хатлон баҳри таъмини иҷрои Қонунҳои миллӣ ба монанди Ќонунҳои Љумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Љумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва пешгирии вайронкунии ин қонунҳо чораандеши намуда истода, дар нимсоли аввали соли 2020 аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вобаста ба вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 2963 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуда, аз ин 2952 адад баррасӣ гардида,  25 адад парвандаҳо дар истеҳсолот қатъ карда шудааст.

Бо мақсади пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 875 маротиба судҳои сайр гузаронида шуда, бо мақсади минбаъд аз тарафи мақомотҳои дахлдор роҳ надодан ба камбудиҳои ҷойдошта ҳамагӣ 656 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Инчунин, вобаста ба вайрон кардани Қонуни миллӣ ба монанди Ќонунҳои Љумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Љумҳурии Тоҷикистон” дар нимсолаи аввали соли 2020 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 131 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии мамъурӣ ворид шуда, аз ин 127 адад парвандаҳо баррасӣ кард шуда, 1 адад парванда дар истеҳсолот қатъ карда шудааст.

Бо мақсади пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 38 маротиба судҳои сайёр гузаронида шуда, бо мақсади минбаъд аз тарафи мақомотҳои дахлдор роҳ надодан ба камбудиҳои ҷойдошта 31 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар қатори ин ду қонунҳои миллӣ, имрузҳо як ҳолати дигари содиршваии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба зуроварӣ дар оила мушкилотро ба миён оварда истодааст.

Дар нимсоли аввали соли ҷорӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оиди зӯроварӣ дар оила 257 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии мамъурӣ ворид шуда, аз ин 255 адад парвандаҳо баррасӣ кард шуда, 2 адад парванда дар истеҳсолот қатъ карда шудааст.

Бо мақсади пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 40 маротиба судҳои сайр гузаронида шуда, бо мақсади минбаъд аз тарафи мақомотҳои дахлдор роҳ надодан ба камбудиҳои ҷойдошта 79 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Инчунин, парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба зуроварӣ дар оила ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 19 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид шуда, аз ин 14 адад парвандаҳо нисбати 14 нафар баррасӣ гардида, 2 адад парвандаҳо дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шуда, 3 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ба нимсоли дуюми соли ҷорӣ боқӣ мононда шудааст. Дар хусуси камбудиҳои ҷойдошта ба мақомотҳои гуногун 8 адад таъинотҳои хусусӣ ирсол карда шуда, 6 маротиба судҳои сайёр гузаронида шудааст. Ин нишондодҳо нисбат ба нимсолаи аввали соли 2019 12 парванда кам ворид ва баррасӣ карда шудааст.

Дар нимсоли аввали соли 2020 вобаста ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 68 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 68 нафар ворид ва баррасӣ карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба нимсоли якуми соли 2019 60 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 60 нафар кам ворид ва баррасӣ шудааст.

Бо мақсади пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 38 маротиба судҳои сайр гузаронида шуда, бо мақсади минбаъд аз тарафи мақомотҳои дахлдор роҳ надодан ба камбудиҳои ҷойдошта ҳамагӣ 31 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Ҳамзамон оиди даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси суди вилоят, муовинони раиси суди вилоят, раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ҳар моҳ бо сокинон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оиди сафарбар кардани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи Нақшаи баҳории сафарбаркунии ҷавонписарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Комиссариати ҳарбии шаҳри Норак яке аз аввалинҳо шуда Нақшаи мазкурро иҷро намуда, ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.

Суди вилоят тибқи Нақшаи семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи дуюми соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқии сокинони вилоят тасмим гирифтааст, ки бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои бехатарии тиббӣ ва зиддиэпидемикӣ ҳар моҳи соли ҷорӣ бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сокинон ва фаъолони вилояти Хатлон суҳбату вохӯриҳо гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоянд.

Инчунин, ба тариқи сомонаи Суди вилояти Хатлон http://khatlon.sud.tj/ бо тадриҷ оиди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти cуди вилоят, мақолаву баромадҳо, семинару тренингҳо саҳифаҳои нав кушода шуда истодааст.

 

Ба диққататон ташаккур!