ИШТИРОКИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ МИНСК

8 октябри соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Танзими муфлисшавӣ: тамоюлҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони судҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Назарзода Аҳлиддин Саид — судяи Суди вилояти Хатлон, Назариён Абдураҳим Назар — раиси Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ва Назарзода А. А. — судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Дар ҷараёни конфронс масоили марбут ба танзими ҳуқуқии муфлисшавӣ, таҷрибаи судии кишварҳои ИДМ ва дурнамои ҳамкории судҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.