ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН

 

Муқаддастарин дастоварди бузурги таърихии давлати тоҷикон ин Истиқлолияти давлатӣ буда, он арзиши олии таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дошта, барои ҳар як фарди бо нангу номуси кишвар дастоварди гарон мебошад.

Аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон басо нақши азимеро бозид, ки Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои муштаракул манофеъ тавонист худро ҳамчун аъзои комилҳуқуқи башарият муаррифи намояд ва дар ҳудуди Осиёи марказӣ нақши муҳими стратегиро бозад.

Истиқлолияти давлатӣ барои кишвари азизамон дастовардҳои беназирро ба миён оварда, таҳавулоти иқтисодиву иҷтимоиро дар шароити имрӯза зина ба зина пешбарӣ карда, бо роҳбарии марди хирадманд, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист аз ҳамагуна буҳронҳо барояд.

Истиқлолияти давлатӣ дар низоми судӣ низ такони ҷиддӣ дода, дар кутоҳтарин муддат тавонист як қатор ислоҳоти муҳими судиро роҳандозӣ намояд ва  баҳри таъмини адолати судиву мустаҳкам кардани ҳокимияти судӣ нақши муҳим бозидааст.

Дар даврони Истиқлолит ҳокимияти судӣ давраи заринро паси сар карда истода, таҳаввулотҳои ҷиддии низоми судиро ба роҳ монда, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки ин Барномаҳо ҳокимияти судиро аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқиву иқтисодӣ куллан тағйир дода, онро боз ҳам пурзур намуд.

Ин, аз он шаҳодат медиҳад, ки Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба низоми судии кишварамон низ таъсири ҷиддӣ расонида, онро куллан тағйир додааст.

Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба ҳар як инсон ва шаҳрванд кафолати ҳуқуқӣ дода, онро ҳифз менамояд. Баъд аз ба даст даровардани Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф карда, ҳифзи онро дар мадди аввал мондааст.

Баромадан аз буҳронҳо, таҳавулотҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, комилҳуқуқ будан ва аъзои ҷомеаи ҷаҳонишавӣ, ислоҳотҳои судӣ-ҳуқуқӣ, дастгирии ҷавонони болаёқат ва аз зумраи онҳо пур кардани кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кудак ва оила, дастгирии иҷтимоии кормандони ҳамаи соҳаҳо ва алалхусус нафақагирони пиронсолу маъюбон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарвариву ватандустӣ, доштани Артиши миллӣ ва таъмини он, дахлнопазирӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, таъмини амнияти мардум ва осудаҳолии он дастоварди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон буда, бо роҳбарии сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин дастовардаҳо зина ба зина рӯй ба инкишофу бозсозӣ қарор дорад.

Истиқлолияти давлатӣ тавонист дастоварди азимро дар муносибатҳои байни давлатӣ ба миён оварад. Барқарор кардани муносибатҳои бародарона бо кишварҳои бо ҳам наздик дар даврони Истиқлолият барои мардуми кишвари азизамон ва мардуми кишварҳои ҳамсоя аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле ва хеле манфиатовар ва башардустона буда, муносибатҳои хешу табориро низ дар байни ин мардум боз ҳам тақвият бахшид. Ин, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон аз нигоҳи сулҳу субот, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, барои ҳамсоякишварҳои дуру наздик метавонад бародар ва дуст бошад ва дар муносибати зич қорор гирад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд Истиқлоляти давлатии худро ҳамчун гаҳвораи чашм нигоҳ дошта, пайравони фарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, тарафдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми мардуми кишвари азизамонро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбодӣ намуда, барояшон осмони софу беғубор хоҳонам ва доимо дар Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ пойдор бошад.

 

 

Раиси Суди вилояти Хатлон

Мирзозода Рустам Пираҳмад