Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябр

    

Санаи 5 ноябри соли ҷорӣ соати 14:00 дақиқа дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳи суди вилоят ва суди шаҳри Бохтар иштирок варзиданд.

  

Конфронсро раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Н.Ғ. кушода эълон карда, суханро ба судяи суди вилоят муҳтарам Аҳмадзода Маҷид Аҳмад дода, охирин дар мавзуи Нақши Пешвои миллат дар қабули Конститутсияи давлати ҳуқуқбунаёд баромад намуда, сипас сухан барои барои баромад ба ёрдамчии раиси суди вилоят муҳтарам Зуҳуриён Диловар дар мазуи Конститутсия ва ҳокимияти судӣ дар низоми давлатдории муосир, дода шуд.

Ҳамзамон дар конфрониси илмӣ-амалии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ. баромад карда, ҳамаи кормандони суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо ҷашни Рӯзи Конститутсия табрик намуда, ба ҳамаи онҳо бурдбориҳо дар фаъолияти кориашон таманно намуд.

Баъди хотима ёфтани суханҳои табрикии раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ. маҷлиси конфронс пӯшида эълон гардид.