Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-6 ноябр

Санаи 3 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи суди вилоят Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр баргузор гардид.

Конфронси мазкурро раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор кушода эълон кард. Дар Конфронс судяҳо ва кормандони дастгоҳ дар мавзуҳои Рӯзи Конститутсия баромад намуданд.

Дар охир раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор тамоми кормандонро табрик намуда Конфронсро пушида эълон кард.