Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ-24 ноябр

Санаи 24 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Корхи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи суди вилоят Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябр баргузор гардид.

Конфронси мазкурро раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор кушода эълон кард. Дар Конфронси илмӣ-амалӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳ дар мавзуҳои Рӯзи Парчами давлатӣ баромад намуданд.

Дар охир раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор тамоми кормандонро табрик намуда Конфронсро пушида эълон кард.