Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ


Санаи 26 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон, инчунин кормандони дастгоҳӣ Суди шаҳри Бохтар ва намояндагони Васоити ахбори омма Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Конфронси илмӣ-амалиро раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор кушода элон намуда, суханро барои баромад кардан ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят дод.





Судяи Суди вилояти Хатлон Мирзозода Абдуҷаббор дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ-руйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди нодири халқи тоҷик” баромад кард.
Сипас котиби маҷлиси судии Суди вилояти Хатлон Эмомов Муҳаммад дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ василаи осоиши миллат” баромад кард.
Баъди хотимаи баромадҳо раиси суди вилояти муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор баромад карда, тамоми кормандони суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо ин ҷашни таърихӣ 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдат миллӣ табрик намуд.




Суди вилояти Хатлон 




