КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ (25.09.2020 сол)

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар Конфронси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Тоҳир Сафар, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.
Конфронсро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзода Рустам Пираҳмад кушода эълон намуда, суханро барои баромад кардан ба муовини якуми раиси Суди шаҳри Бохтар муҳтарам Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ дод. Муовини якуми раиси Суди шаҳри Бохтар Муҳидинзода С.С. дар мавзӯи Забони давлатӣ баромад намуд.
Баъди ба анҷом расидани Кофнроси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. баромад карда ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро бо ҷашни дар пеш истода Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.
Суди вилояти Хатлон 




