Конститутсия — кафили давлатдории ҳуқуқбунёди мо
6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун санаи муҳиму сарнавиштсоз сабт гардидааст. Дар ҳамин D0зоди мардум Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдод оғози марҳалаи нави давлатсозии мо гардид, ки дар маркази он инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва арзишҳои умумибашарӣ қарор доранд.
Конститутсия ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ пояи %8ҳуқуқӣ пояи сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатро муайян намуда, фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимиятро танзим мекунад. Он мисли як оина тамоми арзишҳо, ормонҳо ва ҳадафҳои миллии моро таҷассум мекунад. Ҳар як моддаи он бо эҳсоси баланди масъулият ва дарки воқеияти таърихӣ таҳия шудааст.
Қонуни Асосӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад. Маҳз дар ҳамин замина дар кишвар низоми қонунгузорӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд.
Яке аз дастовардҳои муҳим ин аст, ки дар давоми зиёда аз сӣ сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давлати мустақил, қонунманд ва устувор табдил ёфт. Бо такя ба он, сулҳу субот пойдор гардид, ваҳдат ҳифз шуд ва мардум бо ифтихор ва озодӣ зиндагӣ мекунанд.
Мақомоти судӣ яке аз сутунҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд. Маҳз судҳо кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд. Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеа босуръат рушд мекунад, масъулияти судяҳо дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия боз ҳам зиёд мегардад.
Ҳар як қарори суд бар асоси қонун, бо дарки амиқи Конститутсия қабул шавад. Зеро адолати судӣ танҳо дар сурате таъмин мегардад, ки дар маркази он ҳуқуқи инсон ва қонунмандӣ қарор дошта бошад.
Мо, судяҳо, бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ фаъолияти мақомоти судӣ зина ба зина такмил ёфта, сатҳи масъулияти касбӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа боло рафтааст. Татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст, барои боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи суд ва адолат заминаи воқеӣ гузошт.
Конститутсия китоби ҳаёт ва дастури рафтори ҳар шаҳрванди кишвар аст. Он моро ба ваҳдат, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ даъват мекунад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дорад, эҳтиром ба Конститутсия маънои эҳтиром ба давлат, қонун ва ояндаи Ватанро дорад. Нигоҳ доштани ин санади муқаддас, татбиқи меъёрҳои он ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи ҳар яки мост.
Имрӯз, баъди зиёда аз сӣ сол, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мо сулҳ, ваҳдат ва суботи пойдор ато намуд. Он ба наслҳои имрӯз ва оянда роҳи дурусти давлатдориро нишон медиҳад.
Бинобар ин, пос доштани арзишҳои Конститутсия ва амал кардан мувофиқи он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Фарҳод АБДУЛЛОЗОДА
Судяи Суди вилояти Хатлон
Суди вилояти Хатлон 




