Корҳои ободонӣ дар бинои Суди вилояти Хатлон

   

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар сатҳи баланди сиёсӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар бинои Суди вилояти Хатлон корҳои ободонӣ баргузор гардида истодааст.

Бо ташаббуси раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ва бо мақсади равшани додани назди бинои суди вилоят шабона ва тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, дар назди бинои суди вилот шаш адад фурузонакҳои баландпоя насб карда шуданд, ки он ба пурраги саҳни ҳавлии суди вилоятро шабона равшани медиҳад.

                   

Инчунин бо иштироки ҳамаи кормандони суди вилоят рӯзҳои шанбе бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани назди бинои суди вилоят шанбегиҳо доир гардида истодааст.