Корҳои ободонӣ дар Суди вилояти Хатлон (7.05.2020 сол)

Санаи 8 майи соли ҷорӣ  бо ташаббуси раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. бо иштироки кормандони дастгоҳи суди вилоят як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар шанбегии мазкур аз тарафи кормандони суди вилоят гирду атрофи бинои суди вилоят тоза карда шуда, дар назди бинои суд як қатор гулҳои гуногун шинонида шуда, дарахтон рангу бор гардида, роҳрав ва қубурҳои обгузар тоза карда шуданд.

Бо ташаббуси раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. дар назди бинои суд зиёда аз 600 бехи гулҳои гуногунранг шинонди шуд.