ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Тибқи Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Суди вилояти Хатлон бо иштироки директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоне Додозода А.М. ва раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад курси такимили ихтисос барои кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (тибқи рӯйхат) оғоз гардид.

Пеш аз оғоз гардидани дарсҳои омӯзишии такмили ихтисос раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда, оиди такмил додани ихтисос ва ва дасрҳои бозомӯзӣ суханронӣ карда, аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи иштирокчиёни курси такмили мазкурро бо ҷашни дар пешистода, яъне бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сен6тябр) табрику муборак бод намуда, барои Тоҷикистон азизамон осмони софу беғуборро таманно кард.

Ичунин директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин низ бармад карда, ҳамаи  иштирокчиёни курси такмили ихтисосро дастур дод, ки дар курси мазкур ҷиддӣ ва масъулиятшинос шуда, мавзӯҳои омӯзонида мешударо ба пуррагӣ аз худ намоянд. Ҳамзамон  Завқизода Солеҳ Амин ҳамаи иштирокчиёни курси такмили ихтисосро бо Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.

 

Баъди сухнаронӣ ва табрикотҳо дарсҳои омӯзишӣ оғоз гардида дар он устодон сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоне Додозода А.М., мутахассисони маркази таълимӣ ва судяҳои Суди вилояти Хатлон таълим доданд.

Курси такмили ихтисос аз 26 то 30 августи соли ҷорӣ давом дода шуда, дар он дарсҳои омӯзишӣ вобаста ба Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омори судӣ, санадҳои судӣ, таҳияи протоколҳои маҷлиси судӣ, баррассии парвандаҳои характери экстремистӣ ва террористидошта, Интихоб ва дигар мавзӯъҳои мубрам таълим дода мешавад.