Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Норак (8.01.2020 сол)

Санаи 8 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии  шаҳри Норак,  баргузор гардида. Дар маҷлиси мазкур ба ҳайси намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ва намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Сайдали Сайбзали иштирок намуданд.

Тибқи Нақшаи баргузории маҷлис муовини якуми раиси шаҳри Норак Асозод Дилшод маҷлиси ҷамъбастиро оғоз намуда, суханро ба муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан дод.

Муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар соли 2019 ҳисобот дода, дар ҳисобот дар бораи рушд ва фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт энергетика ва саноат, муҳоҷират, оташнишонӣ, ҳолатҳои фавқулода, сармогузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, обҳои нӯшокӣ ва корезӣ, роҳ ва нақлиёт, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимистонгузаронӣ, инчунин соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, кишоварзӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ, гармхонаҳо, хоҷагии ҷангал,  кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахши бойгонӣ ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, баён гардиданд.